Муассисаҳои тиббии вилояти Суғд бо дорувории махсус таъмин гардиданд

0
80

Муассисаҳои тиббии вилояти Суғд  бо дорувории махсус таъмин гардиданд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба тамоми муассисаҳои тиббии вилояти Суғд, ки бо муолиҷаи беморони короновирус ва илтиҳоби ғайриоддии шуш машғул ҳастанд, маводи дорувории гидрохлорохин, ки яке аз дармонҳои  тибқи протоколи клиникавии антивирусӣ барои муолиҷаи COVID-19 пешбинӣ гардидааст, ба миқдори муайян дастрас карда шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

Ҳамчунин барои баланд бардоштани масунияти кормандони тиб маводи дорувории тиомицин, ки истеҳсоли ватанӣ мебошад, ба ҳама кормандони муасисаҳои тиббии вилоят дастрас карда шуд.

Источник: khovar.tj