Муҳриддин Низомӣ: «Мушкилоти асосӣ – рад гардидани роҳхатҳои бо ҷои кор таъминкунӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ мебошад»

0
166

Муҳриддин Низомӣ: «Мушкилоти асосӣ – рад гардидани роҳхатҳои бо ҷои кор таъминкунӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ мебошад»

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Муҳриддин Низомӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мушкилоти асосии кори онҳо — ин бо ҷойи кор таъмин нагардидани хатмкунандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Зеро  соли 2018 аз ҷониби онҳо  11 роҳхат ва соли 2019 3 роҳхат рад карда шуданд.

Муҳриддин Низомӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки ҳоло  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар  доираи шартномаҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ роҳандозӣ гардидааст.

Инчунин дар доираи ҳамкории байналмилалӣ Донишкада бо Донишгоҳи католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия созишнома ба имзо расонид. Созишнома бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Перми Федератсияи Россия дар арафаи ба имзорасӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 399  нафар донишҷӯ донишкадаро хатм намуданд, ки  26 нафари онҳо гирандаи дипломи сурх мебошанд.

Источник: khovar.tj