Муҳриддин Низомӣ: Гузаштагони хирадманди мо ҷашни модарро бо номи «Сипандормазгон» таҷлил мекарданд

0
63

Муҳриддин Низомӣ: Гузаштагони хирадманди мо ҷашни модарро бо номи «Сипандормазгон» таҷлил мекарданд

ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гузаштагони хирадманди мо ҷашни модарро бо номи «Сипандормазгон» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши некухайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи Модар муборактарин рӯз барои мо маҳсуб меёбад. Ин нуктаро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Муҳриддин Низомӣ  зимни ҳамоиши фарҳангӣ, ки бахшида ба Рўзи Модар  доир гардид, иброз дошт.

Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон барои ҳар як нафар мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

«Президенти мамлакат ҳанўз 6 марти соли 2009 зимни ироаи Паёми шодбошиашон ба ифтихори Рўзи байналмилалии занон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфта буданд: «Имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон – мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд. Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд. Яъне, тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем». Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри дувоздаҳ боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим низ ҷашни занон вуҷуд доштааст. Баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст»»,- гуфт Муҳриддин Низомӣ.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ-иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё намуда, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта шавад, вале на чун ҷашни маснуие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва муҳтавои азалиаш таҷлил гардад, зикр шуд дар ҳамоиши фарҳангӣ.

Воқеан, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия, ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзондани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Дар анҷом собиқадорони меҳнат ва бонувони фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ шуда, барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Муҳриддин Низомӣ: Гузаштагони хирадманди мо ҷашни модарро бо номи «Сипандормазгон» таҷлил мекарданд

Источник: khovar.tj