Муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд

0
63

Муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд

Як гурӯҳ коргарони муҳоҷири тоҷик чанд рӯзе аст, ки дар марзи муштараки Қазоқистон ва Ӯзбекистон мунтазири бозгушоии гузаргоҳҳо ва бозгашт ба Тоҷикистон мебошанд

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон шумори муҳоҷирони тоҷике, ки дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонданд, 178 нафаррро ташкил медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 50 нафар аз ин афрод муддаӣ шудаанд, ки мақомоти Қазоқистон ҳукми ихроҷи ононро содир кардаанд ва агар таи се рӯз қаламрави ин кишварро тарк накунанд, ба зиндон мунтақил хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи сафорати Тоҷикистон дар Нурсултон ба ин расона  иттилоъ додааст, ки бар асоси тавофуқи дуҷониба, мақомоти Қазоқистон мутааҳҳид шудаанд дар давраи густариши вируси корона ва то рӯзи 10 июли имсол шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла тоҷикҳоро ихроҷ накунанд.

Ҳамзамон, манбаъ иттилоъ додааст, ки бо ин ҳол бархе аз коргарони муҳоҷири тоҷик нусхаи ҳукми додгоҳҳои Қазоқистон дар бораи ихроҷи хешро дар даст доранд, ки нишон медиҳад бар хилофи суханони мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон чунин тасмиме гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки аввалҳои моҳи июни соли равон мақомоти Тоҷикистон бо кумаки молии Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират муваффақ шуданд 200 коргари муҳоҷири хешро аз марзи муштараки Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан бозгардонанд.

Теъдоде аз ин афрод пас аз густариши вируси корона ва аз даст додани шуғли худ дар Русия маҷбур шудаанд аз роҳи заминӣ истифода кунанд ва тариқи Қазоқистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баргарданд.

Источник: sputnik-tj.com