Мошин – махозаҳои сайёри «Тоҷикматлубот»

0
680
Мошин – махозаҳои сайёри «Тоҷикматлубот»

Самти асосии фаъолияти Иттифоқи Тоҷикматлубот ба хизматрасонӣ ва таъминоти сокинони деҳот бо молу маҳсулоти мавриди ниёз нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба ин ҷиҳати масъала пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. 

Бо супориши раиси Раёсат Ҳ.С. Идиев чанде қабл 10 адад мошинҳои калонҳаҷми боркаши «Мерседес бенс»  харидорӣ гардид, ки иқтидори борбардории ҳар яке то 10 тонна мебошад. Ин тадбир барои хизматрасонии қулай ва саривақтӣ ба сокинони пойтахт нигаронида шудааст.

Бояд гуфт, ки мошин – махозаҳои сайёр дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт ба сокинон хизмат расонида истодаанд ва бо ҳидояти раиси  Раёсат дар арафаи ҳар як ҷашну чорабинӣ чунин навъи хизматрасонӣ барои аҳолии шаҳри Душанбе боз ҳам беҳтар гардонида мешавад.

Ҳоло мошин – махозаҳои сайёр дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки мошини дигари боркаш «Хундай Порте» барои таъминоти ин мошин-махозаҳои сайёр бо маҳсулоти тару тоза пайваста дар фаъолият мебошад.