Мизи мудаввар: Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ хоҳад шуд

0
58

Дар мизи мудавваре, ки 5 октябри соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳу воситаҳои дарёфти кумакҳои машваратию молиявӣ ҷиҳати амалисозии минбаъдаи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди баррасии иштирокдорони он қарор дода шуд.

Мизи мудаввар: Стратегияи миллии фарогирии молиявии   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ хоҳад шуд

Дар кори ин чорабинии муҳим муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор ва теъдоди зиёди намояндагони шарикони рушд, аз қабили Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осиёии рушд, Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки рушди АврОсиё, дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ ширкат варзиданд.

Дар оғози кори мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба шарикони рушд изҳори миннатдорӣ баён намуда, саҳми онҳоро дар таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамчун шарикони боэътимод арзёбӣ кард. Номбурда қайд намуд, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мушовирони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ шуд, ки рӯзҳои 20-21 сентябри соли равон маросими оғози расмии татбиқи он доир гардид.

Мизи мудаввар: Стратегияи миллии фарогирии молиявии   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ хоҳад шуд

“Стратегияи мазкур бо назардошти таҳлили вазъи воқеӣ, ризоияти тарафҳои манфиатдор ва ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси кишвар қабул шуда, доираи васеи хизматрасониҳои баландсифати расмии молиявиро фаро мегирад ва дар баробари таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин барои ҷорӣ намудани усулҳои нави рушд дар самти таҳкими воситаҳои электронии пардохти ватанӣ мусоидат мекунад. Бинобар ин, барои таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки чораҳои пешбининамудаи Стратегия кумакҳои машваратию молиявии шарикони рушд нақши муҳим доранд”, — таъкид намуд Фирдавс Толибзода.

Дар ҷараёни кори мизи мудаввар қайд карда шуд, ки Нақшаи чорабиниҳои Стратегия 67- бандро дарбар гирифта, 11 банди он корҳо ба анҷом расонида шудааст ва 28 чорабинии дигар бо дастгирии молиявию машваратии шарикони рушд дар раванди иҷро қарор доранд. Як қисми дигари чорабиниҳо бошад, гузаронидани таҳқиқоту таҳлилҳои махсусро талаб менамояд.

Мизи мудаввар: Стратегияи миллии фарогирии молиявии   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ хоҳад шуд

Намояндагони шарикони рушд аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи мулоқот муҳим будани чунин як чорабиниро иброз дошта, омодагии худро барои саҳмгузор будан дар раванди татбиқи стратегия қайд карда, аз дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ низ даъват намуданд, ки дар пешбурди стратегия саҳмгузор бошанд. Инчунин, онҳо дар ҷараёни баррасии масъалаҳои марбут ба нақшаи амалисозии Стратегия омодагии худро дар кумак ва дастгирии иқдомҳо дар самти саводнокии молиявӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ғайра иброз доштанд.

Мизи мудаввар: Стратегияи миллии фарогирии молиявии   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ хоҳад шуд

Қобили қайд аст, ки дар рафти кори мизи мудаввар ҷиҳати татбиқи Нақшаи амалисозии стратегия мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон якчанд пешниҳодҳои мушаххас, аз қабили таъсиси Маркази ягонаи байнибонкии мушаххаскунӣ, пайвасткунандаи миллӣ (National switch) барои пардохтҳои кортӣ, татбиқи низоми пардохтҳои босуръат (IFT)-ро ба ҳозирин манзур намуданд, ки барои рушди инфрасохтори бозори молиявӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва зиёд шудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҷамъомади ҷолиб ва судмандро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҳусни анҷом бахшида, изҳори боварӣ намуд, ки шарикони рушд ба татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт. Зеро маҳз ба туфайли ҳамоҳангию ҳамкории судманду дуҷониба ва кумаку дастгирии машваратию молиявии шарикони рушд татбиқи самаранок ва саривақтии Стратегияи мазкур имконпазир мегардад.

 

   Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Источник: nbt.tj