Миссияи мушоҳидони ИДМ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо зикр намуд

0
123

Миссияи мушоҳидони ИДМ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо зикр намуд

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи баланди омодагӣ дар ҳама соҳаҳо, шурӯъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавиро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев зикр намуд.

Лаҳзаи асосие, ки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд, хусусияти ташкилии маъракаи интихобот ва ҷараёни овоздиҳӣ буд.

Интихобот дар Тоҷикистон ба таври шоиста, дар фазои дӯстӣ ва ором гузашт.

«Дар интихоботи баргузоршуда мо мушоҳида кардем, ки мардум ба кӣ овоз доданашро мебинад, номзадро меомӯзад, ки оё ин ё он номзад ваъдаашро иҷро карда метавонад?», — гуфт Сергей Лебедев ва илова намуд, ки ҷавонон дар ин чорабинии сиёсӣ бисёр фаъолона ширкат варзиданд.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ аз 41 участкаи интихоботӣ 31-тоашро дидан карданд.

Барои 1 март дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот ва таъмини шаффофияти онҳо, 230 мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Миссияи мушоҳидони ИДМ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо зикр намуд Миссияи мушоҳидони ИДМ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо зикр намуд Миссияи мушоҳидони ИДМ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо зикр намуд Миссияи мушоҳидони ИДМ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо зикр намуд Миссияи мушоҳидони ИДМ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо зикр намуд

Источник: khovar.tj