Мирзошариф Ҷалолов дар вохӯрии Синдзо Абэ бо сафирон-донандагони забони японии муқими Токио иштирок намуд

0
223

Мирзошариф Ҷалолов дар вохӯрии Синдзо Абэ бо сафирон-донандагони забони японии муқими Токио иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар қароргоҳи давлатии Сарвазири Япония Синдзо Абэ вохӯрӣ бо сафирон-донандагони забони японии муқими Токио баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов низ иштирок дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сафир ба Сарвазири Япония паёми табрикии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли Нави мелодии 2020 расонид.

Дар вохӯрӣ Сарвазир доир ба дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷии Япония дар солҳои ахир маълумот дод. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ миёни иштирокдорон табодули афкор атрофи Бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ва таблиғи фарҳанги японӣ дар хориҷа сурат гирифт.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj