Миёни иттифоқҳои рассомони Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома ба имзо расид

0
157

Миёни иттифоқҳои рассомони Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Қазоқистон Умирбек  Жубаниязов чанде қабл зимни мулоқот дар шаҳри Алматои Қазоқистон Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва  дӯстӣ байни рассомони тоҷику қазоқ ва саҳми онҳо дар рушди ин санъати воло, иштироки фаъолона  дар  тарғиби фарҳанги ду давлат ба имзо расид.

Зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории эҷодӣ дар соҳаи санъати таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.

Миёни иттифоқҳои рассомони Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома ба имзо расидИн дар ҳолест, ки 24 феврал дар Осорхонаи давлатии санъати  ба номи А. Кастееви шаҳри Алматои Қазоқистон намоишгоҳи  байналмилалии Фонди мустақили занони рассом “Тан-Шолпан”  баргузор гардид. Дар кори он Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон Наргис Ҳамидова иштирок намуд.

Фонди мустақили занони рассом “Тан-Шолпан” соли 1998 бори нахуст ба қайд гирифта шуда буд ва  ҳоло дубора ва бо ҳайати нав ба фаъолияти эҷодии худ шурӯъ намуд.

Айни ҳол ба Фонди мазкур рассомони касбӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Австрия, Германия, Канада, ИМА, ки маълумоти олии рассомӣ доранду дар шаклҳои гуногуни санъат: рангу бор, графика, санъати ороишӣ ва ҳайкалтарошӣ асар меофаранд, шомил шудаанд.

Источник: khovar.tj