Мехостанд аз фуруши ниқобҳо фоида бигиранд: боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон

0
99

Мехостанд аз фуруши ниқобҳо фоида бигиранд: боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон

Намояндаи додситони Теҳрон эълон намудааст, ки миёни нафарони боздоштшуда, ки дар пойтахти Эрон ба хариду фурӯши ғайриқонунии ниқоби тиббӣ ва маҳсулоти беҳдоштӣ машғул буданд ду шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст

ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. Дар ҷаласаи додгоҳ, Шоҳмуҳаммадӣ намояндаи додситон таъкид доштааст, ки миёни муттаҳамоне аз Эрон ва Озарбойҷон, ду шаҳрванди Тоҷикистон Абубакр Кавоев ва Юнус Аҳроров ба иттиҳоми зиёни калон дар низоми иқтисодии Эрон аз тариқи эҳтикори лавозими мавриди ниёзи умумӣ гумонбар дониста мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории .

Мақоми қазоии Эрон афзуд, бо таваҷҷуҳ ба шуюи бемории коронавирус дар Эрон Вазорати беҳдошт ба манзури коҳиши ниёзҳои мардум дар ин ҳавза ниқоби тиббӣ ва дигар колоҳои беҳдоштиро ба сурати роягон арза кунад, аммо дар расадҳои маъмурони қазоӣ мушаххас шуд, ки бахши асосӣ аз ин колоҳо дар бозорҳои ғайрирасмӣ хариду фуруш мешавад ва ба рақамҳои миллионӣ низ сифориш дода шудааст.

Намояндаи додситон дар ин парвандаи қазоӣ гуфт, ин ашхоси судҷӯ бо хариди асосии колоҳои беҳдоштӣ, аз тавзеъ ва таҳвили ин колоҳо ба мардум ва созмонҳои муртабит худдорӣ карданд ва муҷиби ба хатар андохтани саломати мардум, афзоиши ин беморӣ ва нигаронии мардум шуданд.

Шоҳмуҳаммадӣ афзуд, ин ашхос дар ҳоле, ки аз вуҷуди бемории коронавирус огоҳ буданд бояд ин колоҳоро ба Вазорати беҳдошт таҳвил медоданд, аммо дунболи муштариёне барои касби суди бештар буданд.

Ҷаласаи баъдии ин додгоҳ дар рӯзҳои наздик баргузор мешавад.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар пайи шуюи коронавирус дар Эрон, иқдомоти ғайриинсонии бархе ашхос ва гурӯҳҳои судҷӯ сабаб шуд, то дастрасии мардум ба ниқоби тиббӣ, маводи зиддиуфунӣ ва колоҳои беҳдоштии мушобеҳ душвор ва ин колоҳо ба нархҳои гарон дар бозор фурухта шавад, ки ин мушкил дар рӯзҳои ахир коҳиш ёфтааст.

Источник: sputnik-tj.com