МАВСИМИ КИШТ ФАРО МЕРАСАД. Дар шаҳри Турсунзода намоиши омодагии мошинолоти кишоварзӣ баргузор гардид

0
169

МАВСИМИ КИШТ ФАРО МЕРАСАД. Дар шаҳри Турсунзода намоиши омодагии мошинолоти кишоварзӣ баргузор гардид

ТУРСУНЗОДА, 27.02.2020./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода  беш аз 1900 техникаи кишоварзӣ мавҷуд буда, зиёда аз 1700-тои он ба мавсими  кишт омода мебошанд. То оғози мавсими кишт шумораи дигари техника низ аз таъмир бароварда шуда, ба кишт сафарбар мегардад. Инчунин 494 испор, 38 тухмипош, 261 сихмола, 1186 ядакҳои тракторӣ,  36 култиватор ва дигар мошинолот ҷиҳати хизмат ба кишоварзон дар хоҷагиҳо омодаанд.  Дар ин давра   беш аз 300 техникаи хусусӣ аз муоинаи техникӣ гузашта, аз 1 март то 4 апрели соли равон техникаи хоҷагиҳои кишоварзӣ мавриди муоинаи техникӣ қарор дода мешаванд.

Дар ин бора зимни баргузории  намоиши омодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар маркази шаҳри Турсунзода, ки дар он муовини Вазири  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршо Зеваршоев ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иштирок доштанд,  иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои масъулини шаҳри Турсунзода, роҳбарони сохтори кишоварзии шаҳр дар намоишгоҳ ба раиси шаҳр ва  муовини Вазири кишоварзӣ вобаста ба омодагии техника ва мошинолот маълумоти муфассал пешниҳод  карданд.

Ёдовар мешавем, ки  майдони умумии заминҳои кишт дар шаҳри Турсунзода беш аз 20 070 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагидорони шаҳр тибқи нақша соли равон бояд дар майдони  зиёда аз 9000 гектар кишти  баҳорӣ гузаронанд.      

Источник: khovar.tj