Мавриди баҳрабардори қарор гирифтани хати оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ

0
102

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Татбиқи лоиҳаи азнавсозии хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшо моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида буд.

Дар доираи амалишавии лоиҳа 240 оила аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.   

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷоми корҳоро барои дастраси пайдо намудани мардум аз оби тоза муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.  

Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд таъмин гардида, наздики 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Об аз ҷуқурии 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр то маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрас карда шудааст.

Норасоии оби ошомидани дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асоси ба ҳисоб мерафт. Давоми солҳои охир дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва маблағгузории маҳаллӣ барои беҳтар намудани дастраси ба оби тозаи нӯшокӣ натиҷаҳои баланд ба даст омаданд.

Айни замон низ тадбирҳо ҷиҳати бо оби ошомидани таъмин намудани мардум идома дорад ва ҳамагон оянда аз имконти беҳтари хизматрасони дар ин самт баҳрабар мешаванд.

Источник: president.tj