Мавлуда Қаландарзода: «Таваҷҷуҳи судяҳои судҳои иқтисодӣ ба риояи дақиқи меъёрҳои қонунҳо ва таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо ҷалб гардидааст»

0
216

Мавлуда Қаландарзода: «Таваҷҷуҳи судяҳои судҳои иқтисодӣ  ба  риояи дақиқи  меъёрҳои қонунҳо ва таъмини баррасии  саривақтии парвандаҳо ҷалб гардидааст»

ДУШАНБЕ, 05.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Судҳои иқтисодии мамлакат соли гузашта беш аз чор ҳазор парвандаро  баррасӣ намудаанд, ки ин омор нисбат ба соли 2018-ум 914 адад зиёд аст.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода, ки имрӯз дар ҷамъи намояндагони воситаҳои ахбори омма   фаъолияти дар як соли охир анҷомдодаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро натиҷагирӣ намуд, изҳор дошт, ки дар ҷомеаи  демокративу ҳуқуқбунёд, ки таъмини волоияти қонун  рисолати конститутсионии суд мебошад, судҳои иқтисодии мамлакат  барои иҷрои муқаррароти Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ корҳои  назаррас ба анҷом расонидаанд.

Мавлуда Қаландарзода афзуд, ки натиҷаи омӯзиш  ва таҳлили фаъолияти кормандони судҳои иқтисодии  мамлакат  дар самти  татбиқи адолати судӣ дар ҷомеа бозгӯи он аст, ки  соли гузашта ба судҳои  иқтисодии ҷумҳурӣ  беш аз 3 ҳазору 500  аризаи даъвогӣ ва шикояту дархостҳо ворид гардида, 2679  парванда моҳиятан бо баровардани санадҳои судӣ баррасӣ гардидаанд. Истеҳсолот оид  ба  130 парванда қатъ  гардида, 178 ариза бе баррасӣ мононда, се парванда  аз рӯи тобеият ирсол гардидаанд. Инчунин қабули 16 ариза рад ва 689 арзу дархост бинобар ба талаботи  қонунгузории мурофиавӣ  мутобиқ набуданашон  баргардонида шудаанд.

Бо дахли баланд бардоштани касбияти судяҳои судҳои иқтисодӣ Мавлуда  Қаландарзода зикр кард,  ки бо мақсади   баланд бардоштани сатҳи  касбият, донишҳои ҳуқуқӣ, одобу муоширати  касбии  судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои  судҳо машғулиятҳо гузаронида шуда, камбудиҳо ва мушкилоти ҷойдошта, сабабҳои   бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои  судӣ муҳокима гардида,   таваҷҷуҳи судяҳо ба  риояи дақиқи  меъёрҳои қонунҳои  моддӣ ва мурофиавӣ, ҷилавгирии хавфҳои коррупсионӣ  ва таъмини баррасии  саривақтии парвандаҳо ҷалб гардидааст. Дар ин росто, дар  Маркази таълимии судяҳо 9 нафар судяи Суди иқтисодии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳои Суғду Хатлон  ва шаҳри Душанбе ва 15 нафар кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе  ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Источник: khovar.tj