Мавқеи Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои марбут ба савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар 8-умин Мизи Мудаввари Чин муаррифӣ гардид

0
243

Мавқеи Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои марбут ба савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар 8-умин Мизи Мудаввари Чин  муаррифӣ гардид

ДУШАНБЕ, 06.12.2019/ АМИТ «Ховар»/.  Аз 4 то 6 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 8-умин мизи мудаввари Чин баргузор гардид. Дар кори он мавқеи давлати моро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода оид ба “Ташаббусҳои муштарак ва ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)” ҳамчун шарҳдиҳандаи ҳамоиш  муаррифӣ намуд.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои шомилшавии кишварҳо ба СУС, ташаббусҳои муштараки аъзо дар самти сиёсати савдо, ҳамгироии иқтисодӣ ва омодагӣ ба 12-умин Конфронси вазирони СУС, ки моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумхурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардиданд.

Дар ҳошияи ҳамоиш Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Орешкин ва муовини Директори кулли СУС Алан Волфф мулоқоти дуҷониба анҷом дода, масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодиву савдоро баррасӣ намуд.

«Мизи мудаввари Чин» ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, котиботи СУС ва яке аз кишварҳои узви ин созмон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ум то 5-уми июни соли 2015 мизбони баргузории “Сеюмин мизи мудаввари Чин” буд.

Мавқеи Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои марбут ба савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар 8-умин Мизи Мудаввари Чин  муаррифӣ гардид

Источник: khovar.tj