Масоили ҳамкории Точикистон ва Арабистони Саудӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардиданд

0
196

Масоили ҳамкории Точикистон ва Арабистони Саудӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Вазири корҳои дохилии подшоҳӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ду давлат дар мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ ва терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.

Бо ёдоварӣ ва қаноатмандӣ аз сафари Шоҳзода ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли 2018 баргузор гардида буд, изҳори боварӣ шуд, ки робитаҳои мақомоти дахлдори ду давлат минбаъд низ пайваста таҳкиму густариш ёбанд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

 

Источник: khovar.tj