Машварати корӣ

0
148

23 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳои вобаста бо татбиқи босифату саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсол, харид, захира, воридоту содироти маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла, маводи ниёзи аввал, орд, равған ва сабзавот, таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳисоботи вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси вилояти Суғд ва гузориши роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд ва равған шунида шуд.

Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир ба шарофати сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ислоҳот дар самти истеҳсолу захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва таъминоти мардуми кишвар бо маводи зарурии хӯрокворӣ ва дар навбати аввал орд пешравиҳои назаррас мушоҳида мешавад.

Аз ҷумла, бо истифодаи самараноки замин, гирифтани ду – се ҳосил аз он, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли орд Тоҷикистон на танҳо талаботи аҳолиро бо маводи хӯрокворӣ таъмин менамояд, балки як қисми онро ба содирот равона месозад.

Дар мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған таъсис ёфта, ҳоло ҳамаи онҳо самаранок фаъолият доранд ва дар самти таъмини аҳолӣ бо ин навъи маводи ғизоӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Имрӯз дар кишвар 47 корхонаи коркарди ғалла, аз ҷумла дар вилояти Суғд 32 корхона, дар вилояти Хатлон 7, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, шаҳри Душанбе 3 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 корхона фаъолият менамояд.

Иқтидори корхонаҳои мазкур ба коркарди 2,5 миллион тонна гандум ё истеҳсоли 1,8 миллион тонна орд дар як сол баробар буда, онҳо имконият доранд, ки дар баробари таъмини  пурраи талаботи мамлакат бо орди гандумии истеҳсоли худӣ қисми онро ба хориҷи кишвар содирот намоянд. Танҳо иқтидори корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки ин талаботи кишварро бо орд асосан таъмин карда метавонад.   

Соли 2019 бо ворид намудани 1 миллион тонна гандум корхонаҳои соҳа дар ҳаҷми 710 ҳазор тонна орд истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 102 фоиз ё 16,2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тибқи маълумот талаботи Тоҷикистон ба орди гандумӣ дар соли 2019 дар маҷмӯъ 800 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ҳиссаи орди ватанӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар соли 2019 ба 89 фоиз баробар гардида, 11 ё 91 ҳазор тоннаи он ба орди воридотӣ рост меояд.

Дар моҳҳои январ – феврали соли 2020 бо ворид намудани 95 ҳазор тонна гандум ҳаҷми истеҳсоли орд 100 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 100 фоиз ё 323 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Талаботи кишвар дар ду моҳи соли равон беш аз 116 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 86 фоиз аз ҳисоби орди гандумии ватанӣ ва 14 фоиз ё 16,2 ҳазор тонна аз ҳисоби орди гандумии воридотӣ қонеъ гардонида шудааст.

Cолҳои охир содироти орди гандумии истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шуда, соли 2019 дар ҳаҷми қариб 3 ҳазору 200 тонна орди гандумӣ ба маблағи 802 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

 Дар Тоҷикистон айни ҳол 52 корхонаи хурду бузурги истеҳсоли равғани растанӣ фаъолият дорад.

Иқтидори истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 80 ҳазор тонна равғани растанӣ дар як сол буда, талаботи солона ба он 125 ҳазор тонна  мебошад.

Воридоти равғани растанӣ ба Тоҷикистон дар соли 2019 100 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти мулоқот супориш доданд, ки масъалаи истеҳсол ва захираи орд зери назорати шахсии роҳбарони дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.

Ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған дастур дода шуд, ки бо истифода аз имконият ва имтиёзҳои муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро афзун намоянд. Бозори истеъмолии ватаниро бо маҳсулот таъмин карда, ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.

Дар баробари орду равған Ҳукумати мамлакат ба масъалаи харид ва захираи дигар маводи хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат Агентии давлатии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи Тоҷикматлубот дар анборҳои худ дар ҳудуди мамлакат ҳаҷми зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла сабзавотро захира кардаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон метавонанд дар масъалаи таъминот бо ғалла ва орд осуда бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардуруғ бовар накунанд.

Источник: president.tj