МАШВАРАТ ДАР КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ: Ба забони на танҳо китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати ҷиддӣ мебояд

0
221

МАШВАРАТ ДАР КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ: Ба забони на танҳо  китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати  ҷиддӣ   мебояд

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бояд на танҳо ба забони китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки ба китобҳои  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин томактабӣ  низ диққати  ҷиддӣ  додан зарур аст.  Мебояд, ки  забони ҳар як китоби дарсӣ бо ташхиси коршиносон ва баназаргирии синну соли кӯдак ё хонандаи мактаб, инчунин бо дарназардошти ташхиси равоншиносӣ, педагогӣ  ва гиромидошти суннату анъанаҳо, фарҳангу арзишҳои миллӣ  мавриди таҳлил қарор дода шавад. Ин матлаб  дирӯ зимни баргузории машварат дар мавзӯи «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ», ки дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, таъкид шуд.

Гузориши хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз ин машварат.

Машваратро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад. Албатта, барои ҳар фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ  ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он  гуфтаанд: «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад».

Дар машварат муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шамсулло Исмоилов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Раҳим Зулфониён доир ба забони китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ, мудири кӯдакистони  №117-и ноҳияи Фирдавсӣ дар мавзӯи «Мушкилоти забони давлатӣ дар раванди таълиму тарбияи кӯдак»,   корманди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Сангов дар мавзӯи «Забон бақои миллат аст» ва директори МТМУ №34 ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе Азизбек Боронов маърӯза намуданд.

Аз ҷумла, зимни суханронии сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Раҳим Зулфониён зикр гардид, ки китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 4-7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ ва синфи 5-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ (соли 2016) — ро мавриди омўзиш ва баррасӣ  қарор дод. Дар ин китобҳо ғалатҳои имлоӣ, мантиқӣ, нодуруст аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо, номутобиқатии аксҳо, матнҳои бемуаллиф ва ғалатнигорӣ  дар имлои номи ҷашну рўзҳои ид ва дигар матнҳо ба мушоҳида мерасиданд.

Бино ба маълумоти номбурда, дар китобҳои мазкур инчунин матнҳое  ҷой дода шудаанд, ки ба забони адабии меъёрӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд.  Қоидаҳо ва баъзе супоришҳо  нодуруст ва номафҳум (омиёна) пешниҳод шуда буданд.

«Яке аз вазифаҳои муассисаҳои томактабӣ, ки зинаи аввалини таҳсилот мебошад, дар доираи Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабии «Рангинкамон» ба онҳо додани донишҳо ва ташаккули малакаҳои аввалин мебошад.   Дар кӯдакистонҳо тамоми машғулиятҳои шиносоӣ тавассути забон сурат мегиранд, ки ин бевосита ба донишу малака, суханрониву сухандонӣ ва маҳорати касбии мураббиён вобастагии калон дорад», —  гуфт мудири кӯдакистони  №117-и ноҳияи Фирдавсӣ Меҳринисо Саодатова.

Номбурда изҳори тассуф намуд, ки мураббияҳои дорои донишу маҳорати баланди касбӣ ангуштшуморанд. Бинобар ин мушкилоти забони давлатӣ дар раванди таълиму тарбияи кӯдакон ҷой дорад.

Бино ба маълумоти корманди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Сангов, «алҳол ба зиёда аз 2400 забони рӯи олам хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад. Хатари маҳвшавӣ ҳатто ба забони ақаллиятҳои миллии маскуни давлатҳои сернуфуси сайёра, аз ҷумла, ба зиёда аз 190 забони Ҳиндустону Америка ва Бразилия ва ба зиёда аз 140 забони Чину Индонезия ва Мексика таҳдид дорад.

Мувофиқи маълумоти харитаи забонҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО, танҳо давоми ҳаёти се насли одамӣ аз 6000 забони рӯи олам 200 забон тамоман маҳв шуда, 500 забон дар ҳолати ногувору ба 500 забони дигар хавфи нестшавӣ мавҷуд буда, дар маҷмӯъ ба зиёда аз 1000 забони дигар хавфи ҷиддии ноустуворӣ таҳдид дорад».

Коршиноси тоҷик омили асосии пешгирии маҳви забонҳоро дар баробари донистану риояи забони давлатӣ, боз муоширати аҳли ҷомеа ба забони модарии худ, муҳайё кардани фазои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки ба бисёрзабонӣ ва эҳтиром ба забонҳои дигар мусоидат менамояд, вобаста донист.

«Забони модарии мо бо вуҷуди таҳаввулоти ҷиддию сиёсии зиёди таърихӣ бо мурури замон дар Эрону Афғонистон, қисматҳои Покистону Ҳиндустон, Туркистон, Осиёи Миёна ва ҳудудҳои Қафқозу Қошғари Чину баҳри Хазар густариш ёфта, ба мақоми баланди илмию фарҳангӣ ва таърихӣ расида, ҳамчун забони байналмилалии муоширати миллатҳои гуногун арзи ҳастӣ дорад», — изҳори хушнудӣ намуд Раҷабалӣ Сангов.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон ҳисобида, маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфтану ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классики тоҷику форс замина гузоштанро махсус таъкид намуаданд. Дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019 бо самимияту маҳбубияти хосса изҳор доштанд, ки «… дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла – мо тоҷикон, забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо анӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихи миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст».

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, ки дар набардҳои таърих омили муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд – ин эҳтиром ба миллату давлат, таъриху фарҳанги тамаддун, осори гаронбаҳои ниёгону имрӯзиён ва ояндагон мебошад.

МАШВАРАТ ДАР КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ: Ба забони на танҳо  китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати  ҷиддӣ   мебоядМАШВАРАТ ДАР КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ: Ба забони на танҳо  китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати  ҷиддӣ   мебояд

МАШВАРАТ ДАР КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ: Ба забони на танҳо  китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати  ҷиддӣ   мебояд МАШВАРАТ ДАР КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ: Ба забони на танҳо  китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати  ҷиддӣ   мебояд МАШВАРАТ ДАР КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ: Ба забони на танҳо  китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати  ҷиддӣ   мебояд

Источник: khovar.tj