Масъалаҳои ҳамкории густурдаи Тоҷикистон ва Малайзия дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардиданд

0
180

Масъалаҳои ҳамкории густурдаи Тоҷикистон ва Малайзия дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар шаҳри  Путраҷайя муовини Сарвазири  Малайзия Дато Сери Ван Азизаҳ бинти Ван Исмоил Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  паёми Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Шоҳи Малайзия ва инчунин даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвазири Малайзияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 18-20 июни 2020 дар Душанбе баргузор мегардад, ба мусоҳиби худ супорид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории густурда байни ду давлат ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардида, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бардошта, барои расидан ба ҳадафҳои баланд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

 

Источник: khovar.tj