Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус

0
72

Дар фарҷоми музокирот маросими имзои 10 санади нави дуҷониба, ки соҳаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

Дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуд:

Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск барои солҳои 2023-2024. Ба ин санад Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Минск муҳтарам Владимир Кухарёв имзо гузоштанд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти мубориза бо коррупсия;

Созишнома байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Барномаи “Харитаи роҳ” доир ба ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2022-2026;

Низомномаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ;

Созишнома оид ба ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Беларус вобаста ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология;

Созишномаи тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии маркетинг ва арзишгузории Ҷумҳурии Беларус;

Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Могилёви вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

 

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус

Источник: president.tj