Маросими гусели Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

0
47

6 апрел пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон давоми ду рӯз – 5 ва 6 апрел идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Источник: president.tj