МАРКАЗИ ПРОТСЕССИНГӢ. Он дар назди Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии интиқоли маблағ ва пардохти он ба фаъолият оғоз намуд

0
181

МАРКАЗИ ПРОТСЕССИНГӢ. Он  дар назди Бонки миллии Тоҷикистон  барои таъмини бехатарии интиқоли маблағ ва пардохти он ба фаъолият оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 декабр Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба кор оғоз кард. Барои дуруст шарҳ додани фаъолияти маркази мазкур ва ба шаҳрвандони мамлакат фаҳмонидани тағйироту навгониҳо дар самти интиқоли маблағҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мақсад ва зарурати ташкил кардани Маркази миллии протсессингӣ дар чӣ буд?

БМТ: Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо- ин навоварии технологӣ дар низоми пардохтии мамлакат мебошад, ки дар бахши бонкӣ амалӣ гардида, ҳаммонанди худро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ надорад.

Модели Маркази миллии протсессингии мазкур бо дарназардошти тамоюли ҳамгироии технологияҳои молиявӣ бо технологияҳои танзимгари ҷаҳони муосир таҳия шуда, дар оянда ба ташаккули доираи васеи имкониятҳои технологӣ ва инноватсионӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии нав ба аҳолии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Зарурати ташкили Маркази миллии протсессингии (ММП) интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистонро бо як мисоли одӣ мехоҳем шарҳ диҳем.

Соли 2014 ду оператори низоми пардохт- “Мигом” ва “Лидер” муфлис шуданд. Онҳо 1 млн. доллар ва беш аз 50 млн.рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои интиқол гирифта буданд. Баъди муфлисшавӣ ин маблағҳоро бонкҳои Тоҷикистон аз ҳисоби худашон ба шаҳрвандон доданд, аммо “Мигом” ва “Лидер” ба бонкҳои кишвари мо қарзашонро напардохтанд. Ин зарар ба иқтисодиёти Тоҷикистон буд.

Ҳоло бозори интиқоли маблағҳо (ба ҳисоби миёна солҳои 2018 – 2019) ҳудуди 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ асосан аз сӯи муҳоҷирини меҳнатӣ аз Россия ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Қисмати бузурги ин маблағҳо – ҳудуди 80% (қариб 2 млрд. доллар) тавассути як низоми интиқолӣ – “Золотая корона” ворид мегардид. Худ тасаввур кунед, ки агар мабодо “Золотая корона” мисли “Мигом” ва “Лидер” муфлис шавад, чӣ иттифоқ меафтад? Дар чунин ҳолат он 2 млрд долларе, ки тавассути “Золотая корона” интиқол дода мешуд, муаллақ мемонд. Кӣ онро пардохт мекард? Агар бонкҳои Тоҷикистон пардохт ҳам мекарданд, боз иқтисодиёти мамлакат зарар медид. 2 миллиард доллар барои ширкатҳои бузург маблағи ночиз аст, аммо барои иқтисодиёти хурди мо маблағи калон аст.

Мақсади асосии таъсисдиҳии ММП, пеш аз ҳама:

— ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус дар самти амалиёти интиқоли маблағҳо;

— таъмини шаффофияти амалиёт аз рӯи интиқолҳои пулии фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;

— таҳким бахшидани механизми муқовимат аз суиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— баландбардории фарогирии молиявии аҳолӣ ва маърифати молиявӣ;

— дар амал татбиқ намудани навовариҳои технологӣ дар соҳаи бонкдорӣ;

— диверсификатсияи бозори хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо ва роҳ надодан ба мавқеи инҳисорӣ пайдо намудани як низоми пардохтӣ;

— таҳкимбахшии стратегияи коммуникатсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он;

— баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони ММП, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;

— тақвият бахшидани устувории низоми бонкии мамлакат аз ҳисоби паст намудани хавфҳои амалиётӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳангоми муфлисшавии низомҳои пардохтии интиқолӣ;

— осону мувофиқ гардидани интиқоли маблағҳои дохилиҷумҳуриявӣ, алалхусус дар манотиқи дурдасти мамлакат;

— фароҳам овардани имконияти интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои кортии дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва дар натиҷа афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҳисоби интиқоли маблағҳо (супориши Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани амонатгузорон аз ҳисоби интиқоли маблағҳо);

— таъмин намудани маълумоти оморӣ оид ба интиқолҳои фаромарзӣ ва беҳтар гардидани сифати маълумоти оморӣ ва таҳлилҳо;

— осон, боэътимод ва бехатар анҷомдиҳии амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ.

АМИТ «Ховар»: Баъди ба фаъолият оғоз кардани ММП чӣ чиз тағйир ёфт? Оё тарзи интиқоли маблағ дигар шуд?

БМТ: Не, аслан тағйироти назаррас барои шаҳрвандон сурат нагирифтааст. Шаҳрвандон ҳамон тавре, ки қаблан маблағ ирсол мекарданду мегирифтанд, маблағҳои худро интиқол дода, боз мегиранд. Фақат вақти интиқол бояд каме бодиққат бошанд ва аз корманди бонк талаб кунанд, ки маблағи онҳоро бо ҳамон операторе интиқол диҳанд, ки ба ММП пайваст аст. Қаблан, дар бисёр ҳолат оператори интиқолро худи корманди бонк аз рӯйи хоҳиш интихоб мекард, акнун, муштарӣ бояд худаш интихоб кунад. Ҳоло ду оператори низоми пардохт ба ММП пайваст шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд аз онҳо истифода намоянд. Инҳо “Юнистрим” ва “Контакт” мебошанд.

Ҳоло “Юнистрим” бе мушкил дар Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст ва бо пешниҳоди роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон фоизҳои интиқолро аз 1,5 % то 0,99 % коҳиш медиҳад. “Юнистрим” беш аз 20 ҳазор нуқтаи хизматрасонӣ дорад. Доираи фаъолияти онҳо васеъ аст ва онҳо метавонанд ба шаҳрвандони мо озодона хизмат расонанд.

Ҳамзамон низоми пардохтии “Контакт” 10 декабр ҳаққи хизматрасониро барои мизоҷони Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 фоиз поён бурд, ки ин ҳам аз муҳайё шудани шароит барои хизматрасонии интиқоли маблағ ба аҳолӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Яъне ҳоло танҳо “Юнистрим” ва “Контакт” расман фаъолият мекунанд ва шаҳрвандони мамлакат тариқи ин операторони низоми пардохт маблағҳои худро интиқол медиҳанд?

БМТ:   Бале, ҳоло танҳо ин ду оператори низоми пардохт ба ММП пайваст шудаанд ва маблағҳои шаҳрвандони мамлакатро интиқол дода метавонанд. Аммо мо бо дигар операторон низ гуфтушунид дорем ва рӯзҳои наздик боз чанд оператори низоми пардохт ба ММП пайваст мешаванд. Аз ҷумла, “Вестерн Юнион” ҳам то 20 декабри соли равон ба ММП пайваст мешавад. Сабаби таъхираш мушкилоти техникӣ аст, ки қариб бартараф шудааст.

АМИТ «Ховар»: Боз бо кадом роҳҳо шаҳрвандон метавонанд маблағҳои худро интиқол диҳанд?

БМТ: Роҳҳои дигари интиқоли маблағ низ ҳастанд. Аз ҷумла, тариқи аз як корт ба корти дигар интиқол додани маблағ. Чанде пештар НП “Корти миллӣ” ва НСПК “МИР” байни ҳам шартнома бастанд ва акнун шаҳрвандони кишвар метавонанд маблағҳои худро аз корти “МИР” ба “Корти миллӣ” интиқол диҳанд ва аз дилхоҳ бонкамати БДА ҶТ “Амонатбонк” маблағи худро дастрас намоянд.

Ғайр аз ин шаҳрвандон метавонанд дар бонкҳои ҷумҳурӣ суратҳисоб кушоянд ва аз дилхоҳ кишвар ба суратҳисоби худ маблағ интиқол диҳанд. Онҳо бояд маълумот ё реквизити корти бонкии Тоҷикистонро дастрас карда, ба ягон бонк раванд ва маблағашонро интиқол диҳанд. Дар баробари интиқоли маблағҳо тавасссути низомҳои зикргардида, инчунин интиқоли маблағҳо аз Федератсияи Россия ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”-и ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” тавассути барномаи мобилии “Сбербанк онлайн”, инчунин терминалҳои КИВИ ва нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон” имконпазир мебошад.

МАРКАЗИ ПРОТСЕССИНГӢ. Он  дар назди Бонки миллии Тоҷикистон  барои таъмини бехатарии интиқоли маблағ ва пардохти он ба фаъолият оғоз намуд

АМИТ «Ховар»: Имрӯз баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи низоми пардохтии “Золотая корона” маблағ фиристодаанд, барои гирифтани он душворӣ мекашанд. Онҳо бояд чӣ кор кунанд?

БМТ: Онҳо бояд ба ҳамон нуқтае, ки маблағ интиқол додаанд, рафта, пули худашонро аз “Золотая корона” бозпас гиранд ва ба воситаи “Юнистрим” ё “Контакт” фиристанд.

АМИТ «Ховар»: Оё дар оянда “Золотая корона” низ ба ММП пайваст мешавад?

БМТ: Пас аз фаъол шудани ММП “Золотая корона” бо мо мукотибаро фаъолона шурӯъ кардааст. Ҳоло роҳи бозгашти “Золотая корона” ба бозор боз аст. Онҳо метавонанд ба ММП пайваст шаванд ва озодона фаъолияташонро идома диҳанд, дар ин самт ягон мушкил дида намешавад. Мо танҳо мехоҳем ба мардум кафолат диҳанд, ки маблағи онҳо дар ҳар сурат пардохт мешавад. Яъне мо шаҳрвандони худро суғурта мекунем.

АМИТ «Ховар»: Оё барои пайваст шудан ба ММП маблағ талаб карда мешавад?

БМТ: Қатъан изҳор медорем, ки ММП ройгон хизмат мекунад, ягон пардохт барои ин марказ талаб карда намешавад. Бонки миллии Тоҷикистон тамоми хароҷотро барои фаъолият ва нигоҳдории Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба уҳдаи худ гирифтааст. Ҳангоми анҷом додани амалиёт тавассути ММП на аз интиқолдиҳанда, интиқолгиранда, низомҳои пардохти байналмилалӣ ва на аз бонку ташкилоти қарзии ватанӣ ягон дирам ё ҳаққи хизмат ситонида намешавад. Фоидае, ки низомҳои пардохти байналмилалӣ ва бонку ташкилотҳои Тоҷикистон мебинанд, миёни онҳо ва тибқи созишномаи миёни худи онҳо тақсим мешавад. Мо ба он дахолат намекунем.

То ин замон роҷеъ ба омори интиқолӣ рақамҳои дақиқ мавҷуд набуданд, Бонки миллии Тоҷикистон ин маълумотро аз ташкилотҳои қарзӣ ҷамъоварӣ намуда, хулоса мекард ва то чӣ андоза дақиқ будани онҳо аз пешниҳоди маълумоти ташкилотҳои қарзӣ вобаста буд. Ва аксар вақт маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти Бонки марказии Россия мувофиқ намеомад. Акнун ин мушкилӣ аз байн меравад. ММП имкон медиҳад, ки маълумоти дақиқ оид ба ҳаҷми интиқолҳои пулӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ҷамъоварӣ карда шавад.

Кӯшиши ММП бар ин аст, ки низомҳои пардохт ҳаққи хизматрасониро коҳиш диҳанд, даромадҳои мардум афзояд ва хавфҳо пешгирӣ гарданд.

АМИТ «Ховар»: Метавонед ба таври сода бартариҳои ММП – ро барои сокинони ҷумҳурӣ  шарҳ диҳед?

БМТ: Якум, то имрӯз агар шумо аз Душанбе тариқи “Бонки Эсхата” ба Хоруғ маблағ мефиристодед, маблағро танҳо аз “Бонки Эсхата” гирифта метавонистед. Агар дар Хоруғ “Бонки Эсхата” набошад, гирифта наметавонистед. Баъди фаъол шудани ММП ин мушкилӣ бартараф шуд ва шумо маблағро аз дилхоҳ бонкҳое, ки дар Хоруғ ҳастанд, дастрас карда метавонед.

Дуюм, шумо дар ягон маҳалли дурдаст ноогоҳ аз қурби расмии пул бояд интиқоли аз Россия шударо ба даст оред. Он ҷо корманди бонк ба шумо мегӯяд, ки қурби мубодила 145 сомонӣ барои 1000 рубли русӣ аст, аммо дар асл шуморо фиреб медиҳад, чун қурб 150 сомонӣ барои 1000 рубл аст. Шумо ба корманди бонк бовар карда, бо ҳамон қурб маблағатонро мегиреду меравед. Ҳоло ин ҳаннотӣ имкон надорад, зеро ММП ба ҳама ташкилотҳои қарзӣ дар реҷаи воқеӣ (онлайн) қурби интиқолро пешниҳод менамояд ва ин қурб дар Низоми онҳо инъикос мегардад ва дар расиде, ки ташкилотҳои қарзӣ ба муштариён медиҳанд, он акс мегардад.

Сеюм, вақте шумо ба назди корманди дилхоҳ бонк меравед, аз шумо пурсида мешавад, ки аз кадом низоми пардохт пул омадааст. Шумо, масалан, мегӯед, ки “Юнистрим”. Корманди бонк сафҳа ё терминали “Юнистрим” – ро боз мекунад. Пас аз шумо як нафари дигар меояд, мегӯяд, ки маблағаш аз “Вестерн Юнион” аст. Корманди бонк маҷбур аст, ки аз сафҳаи “Юнистрим” баромада, ба сафҳаи “Вестерн Юнион” ворид шавад. Табиист, ки барои ин вақти зиёд зоеъ ва хизматрасонӣ кунд мешавад. Ҳоло чунин нест. Дар сафҳаи умумӣ, ки ММП эҷод кардааст, ҳисоботи ҳамаи низомҳо пайдо мешавад ва корманди бонк аз як сафҳа ҳамаро дида, хизмат мерасонад.

ММП боз бартариҳои зиёд дорад, ки дар ҷараёни фаъолияти он худи сокинони мамлакат эҳсос хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»: Оё дуруст аст, ки минбаъд ҳамаи интиқолҳо тавассути кортҳо сурат мегиранд?

БМТ: Не, ин дуруст нест. Тавре дар боло зикр намудем, тартиби интиқол барои шаҳрвандон тағйир намеёбад. Мардум чун гузашта ба бонк рафта, шиноснома нишон медиҳанд, пулашонро метавонанд нақд гиранд ё метавонанд ба корти худ интиқол диҳанд. Фақат интиқолҳо тавассути низомҳое бояд сурат гиранд, ки ба ММП пайваст шудаанд.

 Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj