Маркази нави савдо дар ноҳияи Восеъ

0
396
Маркази нави савдо дар ноҳияи Восеъ

Бозорҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи кооператсияи матлуботи кишвар мебошанд. Бунёди ҳар як бозор дар баробари он ки мушкилоти мардумро дар деҳот осон намуда, ба сокинони ин ё он маҳал навъҳои гуногуни хизматрасониро пешкаш менамояд, ҳамчунин ҷойҳои нави корӣ эҳё мегардад, ки ин бевосита баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мувофиқат менамояд.

Бо маблағгузории Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ маркази нави замонавии савдо бо сарфи маблағи 1 миллиону 194 ҳазору 964 сомонӣ бунёд гардид, ки он ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.