Маркази миллии тестӣ: имрӯз вохӯриҳои кормандон бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ шурӯъ гардиданд

0
284

Маркази миллии тестӣ: имрӯз вохӯриҳои кормандон бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ шурӯъ гардиданд

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 феврал то 6 марти соли равон  тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагон, падару модари довталабон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Маркази миллии тестӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3642 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрии таблиғгарони сатҳи ҷумҳуриро доир намояд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин вохӯриҳо зиёда аз 150 000 нафар хатмкунанда иштирок меварзанд.

Инчунин барои ташкилу баргузории вохӯриҳо 33 нафар корманди Марказ ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд. Тибқи нақша, давоми як ҳафтаи аввал кормандони Марказ дар 181 муассисаи таълимӣ дар вохӯриҳо аҳли ҷомеаро бо низоми ИМД шинос мекунанд.

Дар баробари ин, кормандони Марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардани кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат ороста, маводи иттилоотӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестиро пешниҳод менамоянд.

Барои огоҳ гаштани аҳли ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз низоми ИМД, инчунин аз тарафи Марказ маводи иттилоотию методӣ ба китобхонаҳо тақдим карда мешаванд, ки зиёда аз 600 маҷмӯаро дар бар мегиранд.

Ба довталабон ва алоқамандони дигари низоми ИМД тавсия дода мешавад, ки дар вохӯриҳои кормандони Марказ ва курсҳои шиносоӣ бо низоми номбурда ширкат намоянд.

Источник: khovar.tj