Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ба давраи зимистон омода мебошад

0
196

Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ба давраи зимистон омода мебошад

ВАҲДАТ, 07.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» ба воситаи 300 адад печкаҳои барқӣ гармирасонии беморхонаро таъмин менамояд. Инчунин дар ин ҷо 10 метри кубӣ ҳезум, 500 литр сӯзишворӣ, 4 адад генератори барқдиҳанда, 6500 кг картошка, 2000 кг пиёз, 8 тонна орд ва 6800 кг дигар намуди хӯрокиҳо барои бо се вақт таъмин намудани беморон бо хӯроки гарм захира гардидааст.

Муассисаи давлатии  «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» яке аз муассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи хадамоти зиддисилӣ буда, мақсади ташкили он расонидани кумаки баландихтисоси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илман ва амалан асосноки муосири пешгирӣ, ташхис, муолиҷа ва офияти нафаронест, ки гирифтори бемории сил ва шуш мебошанд.

Дар маркази мазкур бо супоришу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморони сил тариқи ройгон бо доруҳои зиддисилӣ  таъмин гардида, ройгон бистарӣ ва табобат мешаванд. Танҳо дар 9 моҳи соли 2019  2248 нафар сокинони ҷумҳурӣ дар беморхона бистарӣ шуданд, ки аз ин шумора 765 нафар аз Вилояти Хатлон, 336 нафар аз шаҳри Душанбе, 944 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 92 нафар аз вилояти Суғд ва 54 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.

Директори Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина   Фирӯз Шарипов иброз дошт, ки  муассиса дар асоси эҳтиёҷоти аҳолӣ  ба кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ  беморони алоқамандро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бистарӣ менамояд. Инчунин табибони беморхона корҳои гузаронидани ташхиси мукаммали клиникӣ, рентгенологӣ ва озмоишгоҳӣ, табобати беморон  ва аз микробактерияҳои силӣ тоза намудани балғами  беморон, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба беморони ба ҷарроҳӣ ниёздошта, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемории сил ва пешгирии сирояти бемории сил дар байни беморон ва хешовандони беморон,  расонидани ёрии ташкилию дастурии соҳавӣ ба муассисаҳо ва мутахассисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро анҷом медиҳанд.

Муассисаи давлатии  «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии  Вазорати  тандурустӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гирдидааст, ки айни замон баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ  кумак мекунанд.  Ҳамзамон  дар муассиса 82 нафар табибони баландихтисос  ва 197 нафар ҳамшираҳои шафқат содиқона фаъолият намуда, дар таъмини амнияти саломатии сокинони ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Источник: khovar.tj