Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иловатан хабар медиҳад

0
121

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иловатан хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /НИАТ «Ховар»/. Дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус (ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд), бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд.

Айни замон гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳқиқи ҳодисаро идома дода истодааст.

 

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Источник: khovar.tj