Маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд

0
220

Маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд

ДУШАНБЕ, 25.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарори дахлдор қабул гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зимни шарҳи масъалаи мазкур зикр намуд, ки он аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

«Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 31 июли соли 2019 дар бораи пешниҳоди вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» мавриди омӯзиш қарор дод», — афзуд мавсуф.

Маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шудТибқи пешниҳоди мазкур, — гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки деҳаи Мурғоб соли 1928 таъсис ёфта, дар баландии 3 ҳазору 612 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масофаи деҳаи мазкур то шаҳри Хоруғ 317 ва то шаҳри Душанбе 1000 километрро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии деҳаи Мурғоб ба ҳолати 1 январи соли 2019 зиёда аз 7129 нафарро ташкил медиҳад.

«Айни замон дар маркази ноҳияи Мурғоб дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, симои он ободу зебо мегардад. Инчунин шароити инфрасохторӣ барои ташкили шаҳрак ба талаботи муқарраргардида ҷавогӯ гардида истодааст», — афзуд Муҳаммадюсуф Имомзода.

Ноҳияи Мурғоб яке аз баландтарин ва сардтарин минтақа  дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, ҳайвоноти нодир, ба монанди гӯсфанди Марко Поло ва озодапаланг низ маҳз дар ҳамин ноҳия сукунат доранд.

Бо назардошти он, ки  сокинони ноҳияи мазкур ба дастгириҳои бештари иқтисодию иҷтимоӣ ниёз доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 «Барномаи  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб  барои солҳои 2016- 2020»-ро қабул намуд.

Дар доираи татбиқи барномаи мазкур як зумра иншооти муҳими хоҷагии халқ ба истифода дода шуд.

13  сентябри соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз заҳматдӯстиву қавииродагӣ  ва мушкилнописандии  мардуми диёри баландкӯҳи Мурғоб, ки ҳамеша барои беҳтар шудани шароити рӯзгору ободии маҳалли зист, пешрафти ноҳияи худ саъю талош  ва дар фазои ваҳдату дӯстӣ,  ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ фаъолият мекунанд, изҳори  хушнудӣ  намуданд.

Сарвари давлат ҳамзамон  хотиррасон шуданд, ки «тӯли  27  соли истиқлолият дар ноҳияи Мурғоб аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба маблағи умумии 284 миллион сомонӣ зиёда аз 140 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки   70 фоизи маблағҳои азхудшуда танҳо ба се соли охир рост меояд. Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2005-2009» барои таъмини аҳолии ноҳия бо молҳои мавриди ниёзи аввалин, муассисаҳои иҷтимоӣ бо ангиштсанг, муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи нишасти иловагӣ ва маводи хониш 14 миллион сомонӣ равона карда шудааст».

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

 

Источник: khovar.tj