Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо дар ҳифзи солимии ҷомеа

0
138

Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеа

 ДУШАНБЕ, 08.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ (бемории сироятии COVID-19 тавзеҳи АМИТ «Ховар») шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд», — ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки 20 май сурат гирифт, иброз доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат кормандони соҳаи тибро рӯҳбаланд намуд.

Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеаСардухтури Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поёни ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯз Таваров зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки гузаштагони мо аз азал ба табибон арҷгузорӣ мекарданд ва имрӯз низ дастгириву иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба Сарвари давлат кумакҳои шахсони саховатпеша ва соҳибкорони ватанӣ ба духтурону кормандони соҳаи тиб ин гуфтаҳоро исбот менамояд.

Ф.Таваров иброз дошт, ки ҳарчанд Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поён барои гирифторони бемории сироятии COVID-19 пешбинӣ нашудааст, вале кормандони марказ дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ дар маҳали зисти сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар ҳолатҳои зарурӣ ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид дода, ба беморон ёрии амалии тиббӣ мерасонанд.

Дар асоси суханони Ф.Таваров, дар партави дастгириву иқдомҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи тандурустӣ, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва кумаки шахсони саховатпеша Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поён пурра таъмир шуда, бо таҷҳизоти зарурии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳоло дар ин марказ 15 нафар табиб ва 41 нафар ҳамшираи тиб фаъолият дошта, ба сокинони ҷамоати Сарикиштии поён хизмат мерасонанд. Дар маркази саломатӣ шуъбаҳои тибби оилавӣ, амрози занона, кардиология, невропатология, стоматология ва ғайра фаъоланд, ки ба таври мунтазам ба беморон хизмат мерасонанд.

Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеа Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеа Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеа Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеа Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеа

«Имрӯзҳо, бо назардошти паҳншавии бемории сироятии нави   COVID-19, фаъолияти Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поён шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, беморон, новобаста аз гурӯҳи бемориашон, табобат карда мешаванд ва дар ҳолатҳои зарурӣ тавсия дода шуда, зери назорати пайвастаи табибони марказ қарор мегиранд», — илова намуд сардухтури марказ.

Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеаТабиби Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поён Ҷамшед Исмоилов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – табибонро водор месозад, ки дар баробари садоқат ба савгандӣ касбӣ, инчунин садоқат ба Ватан ва миллати хешро сармашқи кори худ қарор дода, дар ин лаҳзаҳои ҳассос софдилона ба мардумамон хизмат расонем.

«Президенти мамлакат зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тиб бори дигар таъкид доштанд, ки Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост. Мо, кормандони соҳаи тиб имрӯз ин гуфтаҳои Сарвари давлатро бараъло эҳсос дорем. Тавре Президенти мамлакат зикр намуданд: «Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳо пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осударо муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем», мо табибон низ бо ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ барои расидан ба ин ҳадафи нек хизмат менамоем», — тазаккур дод Ҷ. Исмоилов.

Сардухтури Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поёни ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯз Таваров зикр намуд, ки баҳри таъмини хизматрасонии босифат ба беморон, ба онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста кумакҳои амалӣ ва машваратӣ расонида мешавад.

Марказҳои саломатӣ дар деҳот ва саҳми онҳо  дар ҳифзи солимии ҷомеа

Ӯ илова намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ислоҳоти бахши тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони беморхонаҳои бо технологияи замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд, ки ҳамаи ин баҳри хизматрасонии босифат ба аҳолӣ таъсири бевосита мерасонад.

Источник: khovar.tj