Мария Захарова: «Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати Сергей Лавров аз Москва боздид менамояд»

0
145

Мария Захарова: «Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати Сергей Лавров аз Москва боздид менамояд»

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба шаҳри Москва ташриф меорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова 20 феврал зимни брифинг дар шаҳри Москва иттилоъ додааст.

«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба муҳимтарин масъалаҳои байналмилалии рӯзномаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор менамоянд. Инчунин муносибатҳои дуҷониба, ки дар асоси принсипҳои шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ бо такя ба тавофуқот зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва (моҳи апрели соли 2019) ба амал омада буданд, муҳокима мегарданд», — афзуд намояндаи расмии ВКХ Россия.

Дипломат зикр намуд, ки дар мулоқот ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин робитаҳои ду мамлакат дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ диққати махсус дода мешавад.

«Ҷонибҳо оид ба вазъи амнияти минтақавӣ, ҳолати кунунӣ дар Афғонистон ва ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ мекунанд»,- афзудааст Мария Захарова.

Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар  баимзорасии барномаи ҳамкории муштарак миёни ду вазорат дар соли 2020 дар назар дошта шудааст.

                                                                                              Акс аз ВКХ ФР

Источник: khovar.tj