«Маориф. Тарбияи фарзанд тарбияи миллат аст», «Дар робита ба зарари маҳсулоти пластикӣ набояд бетафовут бошем»,-шарҳи матбуоти даврӣ

0
193

«Маориф. Тарбияи фарзанд тарбияи миллат аст», «Дар робита ба зарари маҳсулоти пластикӣ набояд бетафовут бошем»,-шарҳи матбуоти даврӣ

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доштанд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (11.12.2019, №235)  дар  баробари хабару гузоришҳои расмӣ   таҳти сарлавҳаи «Маориф. Тарбияи фарзанд тарбияи миллат аст»  ба нашр расидааст. Муаллифи мақола директори МТМУ №49, ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе Моҳпора Хайруддинова чунин нигоштааст: «Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муҳимтарин мақсадҳои меҳварии Паём маҳсуб мешавад, ки дар ҷавҳари он тадбирҳои дурандешона ва пайванди мустаҳкам бо амалкарди ҳадафҳои ояндасоз қарор гирифтаанд. Пешвои миллат бо ин мақсад ду муаммои аслии соҳаро ба таври зайл муқаррар намуданд: «Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти мамлакат».

«Паёми Пешвои миллат, воқеан, як дастурамали омӯзишию корбарӣ ва маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда барои аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад. Амалишавии нуктаҳои он барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд»,- иброз доштааст Моҳпора Хайруддинова.

«Ҳукми Суд иҷро намешавад, чаро? Аз пайи мактуби шаҳрванд», «Наҳзат ва талоши мағзшӯӣ. Боз як тире, ки хок хоҳад хӯрд», «Қисмати талхи Шириншоҳ», «Тарбия. Бетараф набошем!», «Таҷрибаи рӯзгор. Фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем» — аз мақолаҳои дигари ин шумораи «Ҷумҳурият» мебошанд, ки   масъалаҳои муҳими ҷомеаро  баҳри  қазоват  пешниҳоди  хонандагон намудаанд.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№147 аз 07.12.2019)   дар саҳифаи аввали ин шумора  мусоҳибаи   мухбири рӯзномаро  бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Ҷобирзода  таҳти сарлавҳаи «Заминаи рушди бахши молияро 20 санади меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст» нашр намудааст.

Дар ин  шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин  мақолаҳои таҳлилӣ ва хонданбоб  таҳти сарлавҳаҳои «Диёри дӯстию рафоқат», «Дар робита ба зарари маҳсулоти пластикӣ набояд бетафовут бошем», «Аз ҳуқуқвайронкунии судя то парвандаи фаромӯшшуда», «Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ — ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст», «Хатлон. Ба зиёда аз 176 млн сомонӣ  расидани қарзи андоз чӣ боис гардид?» ва  «Худкардаро даво нест» ба чоп расидаанд.

Муаллифи мақолаи «Дар робита ба зарари маҳсулоти пластикӣ набояд бетафовут бошем» матлабашро бо чунин иттилоъ оғоз намудааст: «Ҳукумати федералии Олмон мақсад дорад истифодаи халтаҳои пластикиро дар мамлакат манъ намояд. Лоиҳаи қонун дар ин бора аз ҷониби вазири экологияи мамлакат Свеня Шултс пешниҳод гардидааст. — Халтаҳои пластикӣ далели беҳуда исроф намудани захираҳост. Онҳо аз нефт тайёр шуда, чанд дақиқа истифода мегарданд, — суханони вазирро иқтибос овардааст рӯзномаи «Die Zeit».

«Мардуми сайёра ҳар рӯз зарари ин маҳсулотро мебинанду эҳсос мекунанд. Ҳар сол бо сабаби истеъмоли маҳсулоти пластикӣ, гарду чанги таҷзияшудаи он 1 млн. парранда ва беш аз 100 ҳазор ҳайвони баҳрӣ ба ҳалокат мерасанд. Зарари пластик ба организми инсон низ басо бузург аст, вале ин масъала, мутаассифона, ҳоло пурра омӯхта нашудааст. Имрӯз дар мамлакати мо низ истифодаи маҳсулоти пластикӣ бояд тавассути қонун тадриҷан ва марҳила ба марҳила маҳдуд карда шавад. Дар ибтидо онро дар муассисаҳои хӯроки умумӣ — ошхона, тарабхона, чойхонаву қаҳвахонаҳо манъ бояд намуд. Сипас, корхонаҳои истеҳсолӣ, шабака ва муассисаҳои тиҷоратӣ бояд аз истифодаи он даст кашанд. Истифодаи борхалтаҳои пластикии орду шакар ва маҳсулоти ба онҳо монанд, ки нисбат ба маҳсулоти пластикии дигар тезтар ба микроҳиссачаҳо ҷудо мешаванд, бояд манъ гарданд»,- чунин пешниҳод намудааст муаллиф.

Шумораи навбатии  «Минбари халқ» (№50 аз 1.12.19)  идона  буда, ба 25-солагии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳафтаномаи мазкур  нашрияи  КИ ҲХДТ мебошад,  бахшида шудааст. Ба шарафи ин санаи муҳими сиёсӣ  мақолаҳои ҷолиб таҳти сарлавҳаҳои «Қутбнамои ҷомеа», «Зодаи даврони Истиқлол», «Нақши боризи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон», «25 соли пурсамар», «Неруи тавонои худшиносӣ», «Аз Анҷуман то Анҷуман», «Ҳизби мардумӣ» ва «Узви ҲХДТ бояд чӣ гуна бошад?» рӯи чоп омадаанд.

Муаллифи мақолаи  «Узви ҲХДТ бояд чӣ гуна бошад?» рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода  дар мавзӯи мавриди назар, аз ҷумла  чунин нигоштааст: «Садоқати софдилонаву аз сидқ ба Ватан,  хосса ба сиёсати Президенти мамлакат, ҳамзамон ба сиёсати ҲХДТ дар адои қарзи ватандӯстӣ, муҳаббати пок ба ин сарзамини муқаддас ва таҳкими сулҳу ваҳдати дар баҳои ҷон бадастовардаамон миёни  хислатҳои аъзои ҳизб бояд ҷойи волое дошта бошад».

                                                                                                          Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

Источник: khovar.tj