«МАН ЯК ОВОЗ МУҲАББАТ ДОРАМ». Дар интихобот ғолиб касест, ки раъйи мардум бо ӯст

0
104

«МАН ЯК ОВОЗ МУҲАББАТ ДОРАМ». Дар интихобот ғолиб касест, ки раъйи мардум бо ӯст

ДУШАНБЕ, 28.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Интихобот, ки дар маънӣ ҷамъи интихоб аст, маъракаи сиёсиест, ки дар он ба мақоми олӣ ва маҳаллии ҳокимият намояндагон аз байни аҳолӣ баргузида мешаванд. Бидуни шубҳа, маросими  интихобот як зуҳуроти ҷиддии сиёсӣ дар ҷомеа ва маъракаи тақдирсоз дар ҳаёти ҳар халқу кишвар маҳсуб меёбад. Чорабиниест муҳим, ки бо ҳадафи густариши  сохторҳои давлатию миллӣ дар шароити давлати демокративу ҳуқуқбунёд ташкил мегардад. Аз ин рӯ онро шакли ифодаи ҳокимияти халқ меноманд. Интихобот аз он шаҳодат медиҳад, ки  давлате, ки дар он интихобот амал мекунад, демокративу ҳуқуқбунёд аст.

Халқ  беҳтарин ва арзандатарин  фарзандонашро ба намояндагӣ аз худ интихоб мекунад. Ба онҳо  дар таҳкими ҳокимият ва бунёди заминаҳои зарурӣ барои пешрафт ва тараққиёт, ободонию некӯаҳволӣ  бовар ва эътимод мебандад.

Дар ҷараёни интихобот вакилони мардумӣ ба палатаи поёнии Парлумон –Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва    инчунин вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб мешаванд.

Аз заковату дониш, фаъолияти пурсамар, ҷаҳду талош ва кӯшишҳои ватандӯстонаи вакилони ояндаи халқ ҳалли масъалаҳои зиёди сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангии мамлакат вобастагӣ доранд. Вакили халқ  будан, пеш аз ҳама, ҳимоя кардани манфиатҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар таҳияи қонунҳо ба манфиати халқу кишвар ва   масъалаҳои зиёди сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии ин сарзамин аст, ки вакилон ваколатҳоро бар уҳда дорад.

Мардум  ҳаракат ва  ҳизби сиёсиеро интихоб мекунанд, ки ба он эътимод дорад ва тақдири ояндаи  халқу давлатро бо бовар ба он метавонанд супоранд.

Чунонки мо шоҳидем, дар маъракаҳои интихоботии солҳои 2000, 2005, 2010 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон пирӯзӣ ба даст овард. Ин табиист, ки аксари  мардум ба ҳизби сиёсие овоз доданд, ки Сарвари он наҷотбахши давлат гардид,  тавонист пеши роҳи ҷангҳоро гирад, мардумро ба ваҳдати миллӣ орад ва мамлакатро аз буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ берун овараду раҳнамо ба созандагию ободӣ бошад.

Аммо ҳизбҳои сиёсии дигар низ, чунонки мо шоҳиди он будаем, дар маъракаи интихобот фаъолона ширкат меварзанд ва мувофиқ ба овозҳои гирифтаашон  дар Парлумон метавонанд ҷой ва мавқеи муайян ёбанд ва ғояҳои ҷонибдоронашонро пайгирӣ намоянд.

Инак, мо боз дар арафаи интихоботи навбатӣ – маъракаи муҳими сиёсӣ  қарор дорем. Дар интихобот ғолиб касест, ки раъйи мардум бо ӯст.

«МАН ЯК ОВОЗ МУҲАББАТ ДОРАМ». Дар интихобот ғолиб касест, ки раъйи мардум бо ӯстБарои мардуми сарзамини мо интихобот ҳамеша як маъракаи мутантанест,  ки бо шукӯҳу шаҳомат, мисли як иди умумихалқӣ баргузор мегардад. Шаҳрвандони  мо ба ин маърака омодагӣ мебинанд, кӯчаву паскӯчаҳоро рӯфтаву об зада, либосҳои тозаи идона ба бар намуда, ба нуқтаҳои интихоботӣ мешитобанд, то овозҳои худро барои ҷонибдорӣ аз ормонҳои мардумӣ ва мақсадҳои наҷиби миллӣ бисупоранд, зеро ҳар интихобот тақдирсоз аст, ҳар интихобот интихоби ояндаи давлат  аст.

Дар ин рӯз аз субҳи содиқ  мардуми мӯътақид ба фардо бо либоси тоза, рӯҳияи созандаю дили саршор аз  умеду армонҳо ба марказҳои интихоботӣ мешитобанд, яъне имрӯз ид аст, иди интихобот, интихоби ояндаи халқу мамлакат.

«МАН ЯК ОВОЗ МУҲАББАТ ДОРАМ». Дар интихобот ғолиб касест, ки раъйи мардум бо ӯст

Камол Насрулло

Аз ин рӯ дар сафи ватандӯстони эҷодкор Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло низ  ин санаи тақдирсозро ба таври хоси худ — бо эҳсосҳои баланди ватандӯстона тараннум менамояд. Инак, ашъори тозаи шоир чун армуғоне дар ин рӯз тақдими шумо мегардад.

ОВОЗИ МАН

Бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ

Ман як овоз муҳаббат дорам,

Ба амонии Ватан хоҳам дод!

Раъйи худро  ба ҳазорон ихлос

Ба ҷавонии Ватан хоҳам дод!

 

Бо дили хурраму ангезиши меҳр,

Мерасам субҳ, ки овоз диҳам.

Мурғи озодии иқболи туро,

Эй Ватан, нусрати парвоз диҳам!

 

Ҳамраҳи пиру ҷавон по монам

Баҳри фардои навини Ватанам.

Бо ҳама халқ шавам ҳамовоз,

Баҳри эҳёи замини Ватанам.

 

Интихоботи адолат моро

Интихоботи муҳаббат бошад.

Интихоботи тамаддунпарвар

Ҷониби аслу асолат бошад.

 

Интихобе, ки Ватанро фардо

Маҳзари нуру сафо гардонад.

Халқро соҳиби иқболу мурод,

Соҳиби бахту бақо гардонад.

 

Ман як овоз муҳаббат дорам,

Эй азизон, ба шумо мебахшам!

Ба садоқат, ба амонӣ, ба шараф,

Ба фари Меҳани мо мебахшам!

РАЪЙИ МАН, РАЪЙИ ТУ

Раъйи ман, раъйи ту, раъйи мо,

Раъйи меҳанпарастон бувад.

Тоҷикистони ман, Тоҷикистони ту

Мазҳари нуру имон бувад.

 

Медиҳам бо ҳазор эътимод

Раъйи худро барои Ватан!

Бо таманнои фардои халқ,

Бо умеди бақои Ватан!

 

Медиҳам раъйи худро ба адл,

Бар фурӯғи навини Ватан,

Раъй чӣ, медиҳам ҷону тан

Бар ту, эй сарзамини Ватан!

 

Ҳар нафас боғу гулгашти нав,

Ҳар қадам файзи эҳё бувад.

Суннати неки озодагон,

Шаҳсутуни ману мо бувад.

 

Дар диёри накӯтинатон

Ваҳдати халқи мо зинда бод!

Зинда бод Тоҷикистони мо!

Ин наво, ин сафо зинда бод!

 

Раъйи ман, раъйи ту, раъйи мо,

Раъйи меҳанпарастон бувад.

Тоҷикистони ман, Тоҷикистони ту

Мазҳари нуру имон бувад.

Источник: khovar.tj