Мактаби зеҳнии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2021 ба фаъолият шурӯъ мекунад

0
203

Мактаби зеҳнии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2021 ба фаъолият шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли 2021, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мактаби зеҳнии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.

«Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ, ки барои дар оянда тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ аҳамияти баланд дорад, бомаром ҷараён доранд. Иншооти мазкур барои 640 нафар хонандагони болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Он танҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ – химия, физика, математика ва биология фаъолият менамояд».

Ба андешаи Фарҳод Раҳимӣ, Мактаби зеҳнӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бунёд ёфта, дар рушди тафаккури техникии наврасону ҷавонон заминаи мусоид мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои сохтмонии Мактаби зеҳнӣ оғоз бахшиданд.

Мактаби зеҳнии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2021 ба фаъолият шурӯъ мекунад

Тибқи лоиҳа, бино дорои китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толори маҷлис барои 500 нафар, толорҳои варзиш ва ҳавзи шиноварӣ мебошад. Дар мактаб 36 синфхона, аз ҷумла амсиласозӣ (макетсозӣ), технологияи нав ва роботсозӣ, 9 озмоишгоҳи фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ муҳайё карда хоҳанд шуд.

Источник: khovar.tj