Маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон фаровон ва арзон мегардад

0
87

Маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон   фаровон  ва арзон мегардад

ДУШАНБЕ, 26.05.2020. /АМИТ Ховар/. Дар сардхона ва анборхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10 063 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 649 тонна мева, 607 тонна ангур, 4085 тонна картошка, 4043 тонна сабзавот ва 679 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ захира  шудаанд, ки ҳамарӯза ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Фаровонии маҳсулот боиси арзонии нарху наво дар бозорҳо гардидааст.  Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо мақсади захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолии мамлакат дар мавсими тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти тару тоза, афзун намудани иқтидори содиротӣ  ва коркарди он, инчунин татбиқи сиёсати иқтисодии хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат ва гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ мусоидат менамояд, «Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» қабул гардида буд, ки дар доираи татбиқи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 394 адад яхдон, сардхона ва анборхонаҳо бо иқтидори ғунҷоиши 148 163 тонна маҳсулот ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор баҳри захира ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зимистон ва аввали баҳор, таъмин намудани аҳолии мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи истеҳсоли ватанӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Источник: khovar.tj