Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе занону духтарони ронандаро ба Озмуни «Авто-Бону-2020» даъват менамояд

0
39

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе занону духтарони  ронандаро ба Озмуни «Авто-Бону-2020» даъват менамояд

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 марти соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Авто-Бону-2020» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун 7 март, соати 10:00, дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С. Айнии пойтахт  доир мегардад.

Тибқи иттилои манбаъ, макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» сурат гирифта, баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо роҳбаладии  автомобилҳои патрулии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мотосиклронҳои Клуби ҷумҳуриявии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаю хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов ба роҳ мемонанд.

Озмуни мазкур  5 даврро дар бар гирифта, даври аввал «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил), даври дуюм мусобиқаи «Донандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», сеюм рондани автомобил дар Автодром, чорум «Шарҳи қисмҳои автомобил» ва ниҳоят даври панҷум аз «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» иборат мебошад.

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.

Ин озмун бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бехатар идора намудани воситаҳои нақлиёт роҳандозӣ гардидааст.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин 93-508-70-72, 236-07-58 муроҷиат намоянд.

Источник: khovar.tj