Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон расман барои интиқоли шаҳрвандон аз Русия иҷозат гирифт

0
108

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон расман барои интиқоли шаҳрвандон аз Русия иҷозат гирифт

Тоҷикистон барои интиқол додани шаҳрвандонаш аз Федератсияи Русия ба ватан иҷозати расмӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik.Мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандони худ аз қаламрави Русия тариқи парвозҳои чартерӣ иҷозати расмӣ гирифтанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти депортаменти ВУХ.

“Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон барои анҷом додани парвозшои чартерӣ иҷозат гирифтанд ва нахустин парвоз аз Маскав самти Тоҷикистон рӯзи 25 – уми июн сурат мегирад”, – омадааст дар хабарнома.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки мақомоти Русия ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” низ шаҳрвандони Русияро аз Тоҷикистон ба ватанашон интиқол медиҳанд.

Зимнан, ВУХ таъкид намудааст, ки рӯйхати шаҳрвандони Русия аз ҷониби сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод карда мешавад.

Афзалият дар рӯзҳои аввали парвоз асосан ба шаҳрвандони мариз, занони кӯдакдор ва ё ҳомила дода мешавад.

Гузашта аз ин, бартарият ба нафароне дода мешавад, ки тариқи кори расмияшон ба Русия рафта он ҷо дармонданд.

Ёдовар мешавем, дар пасманзари авҷи маризии коронавирус аксар давлатҳо равобити ҳавоиро бастанд. Парвозҳо танҳо барои интиқоли бору кӯмакҳои башардӯстона анҷом дода мешуданд.

Источник: sputnik-tj.com