Мақомот корҳои поккориро дар Душанбе вусъат мебахшанд

0
21

Мақомот корҳои поккориро дар Душанбе вусъат мебахшанд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе бо ёрии техникаи махсуси Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумита корҳои поккорӣ (дезинфексионӣ) гузарониданд, ки  дар он бештар  аз 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода шуд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, корҳои дезинфексионӣ  ва истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий бештар дар маконҳои ҷамъиятӣ  гузаронида мешаванд.

Аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бинои прокуратура, суд, милитсия, майдонҳо, боғҳо ва як қатор қисмҳои ҳарбии наздикии шаҳри Бохтар низ поккорӣ шудаанд.

Ҳангоми роҳандозии корҳои беҳдоштӣ мутахассисони Кумита бо сокинони мамлакат дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт, чӣ тавр худро бояд  аз ин вируси хатаровар дур нигоҳ дошт, дар бораи қоидаҳои пӯшидани ниқоб, шустушӯи дасту рӯй ва ғайра суҳбатҳои муфид  анҷом доданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ  ба аҳолӣ варақаҳову китобчаҳо тақсим намуда,  дар ҷойҳои серодам ин  варақаҳои тавсиявиро  насб намуданд.

Источник: khovar.tj