Маҳмадсаид Шоҳиён: «Рушд наёфтани соҳаи кинои тоҷик аз поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф ва дар фиттаҳои сесомона ба фурӯш баровардани филмҳои тоҷикист»

0
175

Маҳмадсаид Шоҳиён: «Рушд наёфтани соҳаи  кинои тоҷик аз  поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф ва дар фиттаҳои сесомона  ба фурӯш баровардани филмҳои тоҷикист»

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ягона сабаби рушд наёфтани соҳаи кинои тоҷик- ин поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф ва баъдан ба фурӯш баровардани филмҳои тоҷикӣ дар фиттаҳо (диксҳо) бо роҳҳои ғайриқонунӣ мебошад, ки ҳамагӣ бо нархи 3 сомонӣ дар дӯконҳои фиттафурӯши мушоҳида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки муаллиф ва ҳайати эҷодии филм хароҷоти зиёд масраф мекунанду дар ниҳояти кор рӯ ба муфлисшавӣ меорад, ки ин ҳолат ғайри қобили қабул аст. Ин  матлабро 5 феврал директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорони мамлакат баён намуд.

Ҳамчунин М.Шоҳиён иттилоъ дод, ки баҳри баргузории Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар ҳамкориву шарикӣ бо Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бо таъсиси ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид. Тибқи он аз 25 ноябр то 1 декабри соли 2019 Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Ду филми кӯтоҳи офаридаи аҳли эҷоди Муассиса «Дуғоб» ва «Аз баландии парвоз» дар ин фестивал соҳиби ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардид.

Зикр гардид, ки барои таҳияву наворбардории филми мустанад бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омодагиву омӯзиш идома дорад.

Ҳамзамон моҳи июни соли сипаришуда бо кинематографистони Ҷумҳурии Мардумии Чин  Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар доираи татбиқи он  ҳамкорию равобити манфиатноки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳкиму густариш меёбад.

Источник: khovar.tj