Маҷмӯаи нави байналмилалӣ дар бораи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар низоми онлайн муаррифӣ шуд

0
120

Маҷмӯаи нави байналмилалӣ дар бораи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар низоми онлайн муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 24.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми минтақаҳои Урал ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945″- таҳти ин ном имрӯз дар низоми онлайн бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ конфронс-рӯнамоии маҷмӯаи байналмилалии мақолаҳои илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгариии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург хабар доданд.

Дар ин чорабинии байналмилалӣ, ки ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шудааст, аз ҷониби Тоҷикистон Консули генералии ҷумҳурӣ дар шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода ва мудири шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар иншои мақолаҳои илмии ин маҷмӯаи нав 11 олими таърихшиноси Тоҷикистон бомуваффақият иштирок намуданд.

Дар суханронии хотимавии худ ректори Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, профессор Александр Шестаков пешниҳод намуд, ки ҳамкории олимони таърихнигори Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири омода ва нашр намудани ҷилди дуюми маҷмӯаи муаррифишуда идома дода шавад.

Ин пешниҳод аз ҷониби аҳли видеоконфронси байналмилалӣ ба хушӣ истиқбол гирифта шуд.

Источник: khovar.tj