Маҷлис дар ҳукумат: Азим Иброҳим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро баррасӣ мекунад

0
69

Маҷлис дар ҳукумат: Азим Иброҳим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро баррасӣ мекунад

Дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон варзиши Тоҷикистон санаи 9 декабри соли равон дар пойтахти кишвар Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Ҷаласаи мазкур дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон кишвар таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор мегардад.

“Ҷаласаи рушди тарбияи ҷисмонӣ бо мақсади табиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳандозӣ гардида, фаъолияти солонаи барномаҳои соҳавии варзишӣ дар кишвар ҷамъбаст мегардад”, – таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр намуд, ки дар кори ҷаласаи Шӯро Раёсати Шӯро, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарону намояндагони мақомотҳои иҷроияи давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои варзишии кишвар аъзо мебошанд, иштирок менамоянд.

Источник: sputnik-tj.com