Маҳкумшуда ба сари марди 62- сола селофан кашида ӯро ғорат кард

0
191

Маҳкумшуда ба сари марди 62- сола селофан кашида ӯро ғорат кард

Кормандони милитсия дар асоси шикояти сокини 62 – солаи шаҳри Душанбе, ҷавони 25 – соларо дастгир намуданд, ки дар ғорат кардани сокини пойтахт гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 25 – солаи ноҳияи Восеъ хабар медиҳад, ки дар ғорат кардани сокини 62 – солаи пойтахт гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан низ, айнан бо ҷурми ғоратгарӣ. тибқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.

Ҷавон рӯзи 9 – уми сентябри соли 2019 дар бозори Меҳргон бо роҳи зӯроварӣ ба сари як марди миёнасол селофани полиэтиленӣ кашида, аз кисааш 610 – сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис тавонистанд ғоратгарро боздошт кунанд ва феълан аз рӯи ин ҳодиса иафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com