Маҳбаси Ӯзбекистон ҳам дарс нашуд: кордкашии марди 48-сола ба сӯи як сокини шаҳри Душанбе

0
152

Маҳбаси Ӯзбекистон ҳам дарс нашуд: кордкашии марди 48-сола ба сӯи як сокини шаҳри Душанбе

Кормандони милитсияи Тоҷикистон як марди 48-солаеро боздошт карданд, ки дар сӯиқасд ба ҷони як сокини шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Бино бар иттилои маркази матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин марди 48 сола қаблан дар кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон бо моддаи 223 Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум шуда буд.

Тавре масъулини вазорати умури дохила хабар доданд, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ариза марди 39-солаи сокини пойтахт дастрас шуд.

Марди 39 сола ба кормандони милиса шикоят бурдааст, ки санаи 26 апрел, ҳангоми дар гузаргоҳи А.Раҷабовҳои пойтахт қарор доштанаш, марди 48-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 223 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон маҳкум шуда буд, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст. 

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, таъкид доштааст мнабаъ.

Ба гуфтаи масъулини ВУД Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дорад ва нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com