Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» дар 26 деҳаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб татбиқ мегардад

0
273

Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» дар 26 деҳаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб татбиқ мегардад

ДУШАНБЕ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори чарогоҳҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» дар 26 деҳаи ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, Восеъ ва деҳоти шаҳри Кӯлоб иншооти инфрасохторӣ  сохта шуд.  Аз ҷумла,  дар 3 деҳа пулҳои чорвогузар, дар 22 деҳа хатҳои оби нушокӣ ва нуқтаҳои обнӯшӣ барои чорво, инчунин дар 1 деҳа ҳавзи шустушӯи чорво сохта барои истифодабарӣ супорида шуд. Иншоотҳои сохташуда  барои саломатӣ ва маҳсулнокии чорво, инчунин пешгирии таназулёбии чарогоҳҳо ва беҳдошти муҳити зист мусоидат менамоянд.

Ин нуқтаро 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ  директори навтаъйини Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода иброз намуд.

Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки аз ҷониби Лоиҳа бо мақсади бо усули табиӣ беҳтар намудани зоти чорвои калони шохдори аҳолӣ 190 сар буқаҳои зотӣ, ҷумла 101 сар зоти сиёҳ-ало ва 89 сар зоти швитсу-зебумонанд харидорӣ ва барои баҳрагирандагони ноҳияҳои зерҳадафи Лоиҳа дастрас карда шудаанд.

Источник: khovar.tj