Лоиҳаи мукаммалгардонии системаи идораи таваккал дар мақомоти гумруки Тоҷикистон расман оғоз ёфт

0
271

Лоиҳаи мукаммалгардонии системаи идораи таваккал дар мақомоти гумруки Тоҷикистон расман оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 03.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон лоиҳаи мукаммалгардонии системаи идораи таваккал расман оғоз гардид, ки дар маросими он кормандони масъули мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея иштирок намуданд.

Муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода, Директори Раёсати банақшагирии иттилоотӣ ва корҳои байналмилалии Хадамоти гумруки Корея Ли Ҷин-ҳи, Сафири Корея дар Тоҷикистон Ли Вучёл дар маросими ифтитоҳи  лоиҳаи мазкур зикр намуданд, ки пурра роҳандозӣ гардидани системаи мазкур шароити мусоидро барои суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, дуруст ҳисобкунӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ  фароҳам оварда, сабаби афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад.

Зикр шуд, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон  барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро фароҳам меоварад.

Мусаллам аст, ки дар доираи «Барномаи байниҳукуматӣ барои

коркарди автоматикунонӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ» мутахассисони Корея ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи «Ташкили системаи идораи таваккал барои солҳои 2019-2021» моҳи августи соли гузашта  ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва Протокол байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея» ба имзо расонида шуд. Санади мазкур ҳадафи лоиҳа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайнро барои татбиқи лоиҳа, хусусан бозомӯзии кормандони масъули мақомоти гумрук аз ҷониби коршиносони Корея, хариди таҷҳизоти техникӣ барои маркази коркарди маълумоти СИАЯ, барномарезии идораи таваккал ва ҷорӣ намудани барномаи системавии EWACS барои назорати зерсистемаҳои СИАЯ-ро фаро мегирад.

Аз Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мақсади лоиҳа аз коркард ва насби системаи идораи таваккал бинобар содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ ва кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ки ба пешбурди тиҷорат мусоидат менамояд, иборат мебошад. Татбиқи лоиҳа моҳи августи 2019 оғоз гардида,  то охири  соли 2021 идома меёбад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея бо маблағи 4,5 миллион доллар сармоягузорӣ мегардад.

Лоиҳаи мукаммалгардонии системаи идораи таваккал дар мақомоти гумруки Тоҷикистон расман оғоз ёфт Лоиҳаи мукаммалгардонии системаи идораи таваккал дар мақомоти гумруки Тоҷикистон расман оғоз ёфт

Источник: khovar.tj