Лавров: Маскав дар интизори раисҷумҳури Тоҷикистон аст

0
176

Лавров: Маскав дар интизори раисҷумҳури Тоҷикистон аст

Дар шаҳри Маскав вохӯрӣ ва мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор гашт

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сергей Лавров дар ҷараёни мулоқоти худ бо Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Маскав дар арафаи ҷашни Рӯзи ғалаба, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интизор аст.

“Соли 2020 барои Тоҷикистону Русия соли назаррас аст, чун мо якҷоя аз 75 – умин солгарди ғабала бар фашизм ҷанш мегирем”, – изҳор намудаст Лавров дар нишасти матбуотии муштарак.

“Дар Тоҷикистон ин санаи муқаддасро пос медоранд ва онро ёд мекунанд. Зимнан дар қаламрави ҷумҳурӣ вобаста ба ин ид як қатор чорабиниҳои тантанавӣ ба нақша гирифта шудааст. Сарвари давлати мо, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати раисҷумҳури Русия, Владимир Владимирович Путин дар паради 9 май дар Маскав ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин дар Майдони сурх гашти сарбозон ва афсарони қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар назар аст”, – гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳо бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ карда шуд.

Источник: sputnik-tj.com