Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Китобхонаи давлатии Россия китобҳоеро, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Иттиҳод чоп шудаанд, туҳфа кард

0
85

Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Китобхонаи давлатии Россия китобҳоеро, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Иттиҳод чоп шудаанд, туҳфа кард

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Китобхонаи давлатии Россия (КДР) китобҳоеро, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Иттиҳод чоп шудаанд, туҳфа кард. Ин китобҳо ба фарҳанг ва таърихи давлатҳои Иттиҳод бахшида шудаанд.

Давоми 10 сол байни КДР ва Кумитаи иҷроияи ИДМ Ёддошти ҳамкорӣ амал мекунад. Кумитаи иҷроияи ИДМ дар чорабиниҳои ҳамасолаи КДР, ки ба фарҳанг, таърих, муколамаи байнифарҳангӣ ва касбӣ дар Иттиҳод бахшида шудаанд, фаъолона ширкат меварзад.

Дар доираи ҳамкорӣ оид ба паҳнкунии иттилоот дар бораи ИДМ ва тарғиби он тавассути фаъолияти китобхона, Кумитаи иҷроияи ИДМ ба КДР 30 адад китоб туҳфа кард, ки дар Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ба нашр  расидаанд.

Миёни китобҳои тақдимгардида албомҳо ва руқъаҳое, ки дар бораи мерос, расму оин, хусусиятҳои фарҳангҳо ва ҳаёти давлатҳои аъзои ИДМ нақл мекунанд, мебошанд. Як зумра китобҳо ҷой, нақш ва дастовардҳои халқҳои Иттиҳодро дар заминаи тамаддунҳои Авруосиё дар асоси таҳияи навтарин консепсиявӣ ва методологии тафаккури таърихӣ инъикос мекунанд. Инчунин дар саҳифаҳои китобҳои ба КДР тақдимшуда иншооти нодири сайёҳии воқеъ дар ИДМ ҷой дода шудаанд.

Китобҳои тақдимгардида маҷмуаҳои дар китобхона мавҷударо пурра намуда, барои хонандагони рус ва хориҷӣ дастрас хоҳанд буд.

Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Китобхонаи давлатии Россия китобҳоеро, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Иттиҳод чоп шудаанд, туҳфа кард Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Китобхонаи давлатии Россия китобҳоеро, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Иттиҳод чоп шудаанд, туҳфа кард

Источник: khovar.tj