Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ: кумакрасонӣ идома хоҳад ёфт

0
133

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ:   кумакрасонӣ  идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохторию ташкилотҳои низоми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба  суратҳисоби махсуси  мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус  COVID-19  104 ҳазору 500 сомонӣ гузарониданд.

Дар ин бора аз  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ   ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд.

«Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат дар мубориза бо бемории«СOVID−19» ва амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда,  дар оянда  низ идома хоҳад ёфт»,-афзуд манбаъ.

Источник: khovar.tj