Кумаки соҳибкор барои эмини кормандони Ожонсии назорати маводи нашъаовар аз коронавирус

0
114

Кумаки соҳибкор барои эмини кормандони Ожонсии назорати маводи нашъаовар аз коронавирус

Роҳбарият ва кормандони Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз соҳибкор Шарипов Баҳодур барои кумакҳои тибии дастраснамуда изҳори сипос намуданд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали эълон гардидани бемории коронавирус (COVID-19) барои пешгирии аз беморӣ ҳамкориҳои судмандро бо созмону ташкилотҳои ватанию хориҷии муқими Тоҷикистон ба роҳ монда буд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ахиран аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ширкати “Сино-2013” Шарипов Баҳодур Савриддинович як қатор лавозимоти тиббӣ аз қабили маҳлулҳои антисептикии 100мл- 300 дона, 300мл- 153 дона, 500мл- 36 дона ва 200 адад ниқоби тиббӣ, дастрас карда шуд.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз бемории COVID-19 роҳбарияти Ожонсӣ Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст, ки аз тарафи он тадбирҳои иловагӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ бо ин беморӣ андешида шуда истодааст.

“Риояи саривақтии гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои зиддивирусӣ яке аз роҳҳои паст кардани шиддати афзоишӣ беморӣ ва гирифторшавӣ ба ин беморист, ки аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳангоми воридшудан ба бинои Ожонсӣ аз ҷониби шахси масъул маҳлулҳои антисептикии безараргардонӣ истифода ва ҳарорати бадани воридшаванда санҷида шуда, баъдан барои ворид шудан ба бинои Агентӣ бо ниқоби тиббӣ иҷозат дода мешавад”, – таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Ожонсӣ зикр намудааст, ки пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат вобаста аст.

Источник: sputnik-tj.com