Кумаки гурӯҳи шабакаи иҷтимоии “Кӯлоби ман” ба бемористонҳои ин минтақа

0
70

Кумаки гурӯҳи шабакаи иҷтимоии "Кӯлоби ман" ба бемористонҳои ин минтақа

Гурӯҳи шабакаи иҷтимоии “Кӯлоби ман” кумаки навбатии тиббиро ба бемористонҳои шаҳри Кӯлоб дастрас намудааст

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Масъулони гурӯҳи “Кӯлоби ман” ба беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва Маркази безараргардонии шаҳру минтақаи Кӯлоб лавозимоти тиббӣ кумак карданд.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустӣ ин  дуюмин иқдоми хайриявии фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба беморхонаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб буда, мақсад аз он  дастгирии табибон ва беморони гирифтори коронавируси нави COVID — 19 мебошад.

Лавозимоти тиббӣ аз 12 номгӯй: 225 адад либосҳои муҳофизатӣ,  216 адад респираторҳои махсуси тиббӣ, 225 адад айнакҳои тиббӣ, 52 қуттӣ дастпӯшакҳои тиббӣ, 1000 адад маҳлулҳои зиддивирусӣ (100 мл), 50 литр маҳлули спиртӣ (70 фоиза), 26 адад таҷҳизот барои безараргардонӣ,  50 адад мӯзаҳои махсуси тиббӣ, 1000 адад ниқобҳои тиббии бисёркарата, 75 кг моддаҳои безараргардонӣ  (хлор)  ва 12000 адад ниқобҳои тиббии яккарата иборат мебошад.

Маблағи умумии лавозимоти тиббӣ зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Источник: sputnik-tj.com