Коршиносони байналмилалӣ самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатиро баррасӣ мекунанд

0
85

Коршиносони байналмилалӣ самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатиро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 ноябр дар Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Академияи идоракунии давлатӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши илмӣ ректорон ва роҳбарони академияҳои идоракунии назди президентҳои Россия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии  дохил ва хориҷи мамлакат  иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, дар конференсия масъалаҳои идоракунии  давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир, масъалаҳои таҳсили хизматчиёни давлатӣ, самтҳои афзалиятноки такмили идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ ҳамчун самти афзалиятноки хизмати давлатӣ, коркарди консепсияҳои нави идоракунии давлатӣ, таҳияи стандартҳои хизматрасонии давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коркард ва татбиқи қарорҳои идоравӣ: ҳолат, дурнамо ва арзёбӣ, стратегия ва тактикаи таҳияи рушди идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Источник: khovar.tj