Коронавирус: дар ВМКБ 29 кас мураххас шуду як нафар дар каратин қарор дорад

0
214

Коронавирус: дар ВМКБ 29 кас мураххас шуду як нафар дар каратин қарор дорад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон феълан як нафар таҳти карантин қарор дорад, гуфт сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, дар машварати васеъ, дар робита ба масъалаи рафти иҷрои қарори раиси вилоят оид ба солимгардонии аҳолӣ гузориш дода шудааст.

Дар ин росто, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров гузориш додааст.

Дар мавриди “коронавирус” Фарид Музаффаров гуфтааст, ки аз 29 нафаре, ки дар карантин қарор доштанд, танҳо як нафар ҳоло дар беморхонаи вилоятӣ қарор дорад ва хушбахтона, то ҳоло нишонаҳои ин беморӣ дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов фаъолияти сохторҳои марбутаи соҳаи тандурустии вилоятро дар самти пешгирӣ кардани касалиҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, ВНМО, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар байни ҷомеа, нигаҳдошти саломатии занони ҳомиладор нокифоя арзёбӣ намуд.

Раис аҳамият надодан ба одитарин қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, камҳаракатӣ, машғул нагардидан ба варзишро аз омилҳои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳо гуфт.

Вобаста ба пурсиши раиси вилоят дар мавриди “коронавирус” Фарид Музаффаров гуфт, ки аз 29 нафаре, ки дар карантин қарор доштанд, танҳо як нафар ҳоло дар беморхонаи вилоятӣ қарор дорад ва хушбахтона, то ҳоло нишонаҳои ин беморӣ дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст.

Источник: sputnik-tj.com