Кормандони «Тоҷикфилм» ҳам саҳми худро дар мубориза бар зидди COVID-19 гузоштанд

0
131

Кормандони «Тоҷикфилм» ҳам саҳми худро дар мубориза бар зидди   COVID-19 гузоштанд

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар пайравӣ ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи  худро  ба суратҳисоби махсуси  мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус  COVID-19 гузарониданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Роҳбарияти муассисаи  мазкур  ба аҳли кормандон риояи  маслиҳати мутахассисони соҳаи тиб, талаботи санитари-гигиенӣ, худдорӣ аз гаштугузори бемаврид дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳо ва маводҳои безараргардонӣ дар коргоҳ ва ҷойҳои серодамро  тавсия доданд. Зикр шуд, ки ҳар як нафар имрӯз бояд эҳсос намояд, ки ӯ бо ба ҷо овардани қоидаҳои беҳдошт на танҳо саломатии  худро нигоҳ медорад, балки   бемор нагардидани дигарон низ мегардад .

Источник: khovar.tj